Анонс. По заказу землячества, в Красноярске вышла книга ЧАРОҒИ УММАТ АБӮҲАНИФА.

Sep 01, 2014 00:17

Анонсирую
выход новой книги.
Иншоаллоҳ

ЧАРОҒИ УММАТ АБӮҲАНИФА.

ИННА ОДАМА ВА ҲАВВО ЯФТАХИРОНИ БӢ
ВА АНО АФТАХИРУ БИ-РАҶУЛИН ЮҚОЛУ ЛАҲУ НУЪМОН
ВА КУНЯТУҲУ АБӮҲАНИФА.


БА НОМИ ХУДОВАНДИ БАХШАНДАИ МЕҲРУБОН

ТАРҶУМАИ ҲОЛ:

Ҳазрати имоми Аъзам, чароғи уммат, суфии Кӯфи, Абӯҳанифа, Нуъмон ибни Собит ибни Товус ибни Ҳурмуз Малики бани Шайбон. Баъзе гӯянд, ки Нуъмон ибни Собит ибни ( Зуто ) Нуъмон ибни Моҳ ( марзбон)
( р ҳ ) мутобиқи машҳуртари ахбороти муътамад дар замони хилофати Абдулмалик ибни Марвон дар соли 80-ҳаштоди ҳиҷри баробар ба 699-шаш саду наваду нуҳи милоди дар оилаи яке аз сарватмандон, донишмандон ва порсоёни давр ва замон Собит ибни Товус ё Нуъмони форс ба дунё омада ва дар соли 150-як саду панҷоҳи ҳиҷри мутобиқ ба 767-ҳафт саду шасту ҳафти милоди дар замони хилофати Мансур дар сини мубораки 70-ҳафтод солаги дар шаҳри Бағдод дар беҳтарин ва наздиктарин ҳолат ба Худованд ( ҷ ҷ ) сар ба саҷда ниҳода ҷон ба Ҷонон супурда ва олами фониро видоъ гуфта аст. Ва гӯянд, ки гузаштагони Имоми Аъзам ( р ҳ ) аз тоҷикони Кобули Афғонистон буда дар Бобули Бағдод таваллуд ёфта аст.
Ва он зоти бобаракот, чароғи уммати Муҳаммади Мустафо
( с ъ ва с) муассиси аввалини мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннати вал-ҷамоъат ва илми фиқҳ дар сини 7-ҳафт солаги *Қур-они-маҷид* -ро ҳифз намуда ва умуман 30-си ҳазор ҳадиси ҳарифро аз худ карда аст.
Дар *Тазкира*оварда аст, ки Имоми Аъзам ( р ҳ ) 260-ду саду шаст ҳазор масъала аз *Қур-они маҷид* ва *Ҳадиси шариф* истинбот намуда аст. Имоми Аъзам ( р ҳ ) фиқҳро чунин таъриф карда аст. Ал-фиқҳу маърифатуннафси мо лаҳо ва мо алайҳо. Ва қила маърифату аҳкомиш-шаръи. Имом Шофиъӣ ( р ҳ ) гӯяд, ки шахсе мехоҳад фиқҳро бишносад, пас бояд Абӯҳанифа ва ёронаш ( р ҳ ) -ро мулозимат кунад. Аз Имоми Аъзам ( р ҳ ) дар масоили иътиқоди *Фиқҳи-акбар* Фиқҳи-абсат* Ал-васият* Ал-асл* Китобут-таълими вал-мутаъаллим* ба мерос монда аст. Ва ончи гӯянд, ки Имоми Аъзам ( р ҳ ) асирзода ва ё ӯро духтаре бо номи Ҳанифа буда аст асл ва сиҳат надоранд.

ДИНИ ҲАҚРО МУСТАФО ( ъ с ) ИЗҲОР КАРД
БӮҲАНИФА ( р ҳ ) ДАР ДАРУНАШ КОР КАРД.
Ӯ ПАДАР БАР РОҲРАВОНИ РОҲИ РОСТ
ИН СУХАН АЗ МО НА, БАЛ АЗ МУСТАФОСТ
Ӯ ЧАРОҒИ УММАТИ ПАЙҒОМБАР АСТ
ҲАМ БА ТАҚВО МИСЛИ САЛМОН БӮЗАР АСТ.
РАҲМАТИ ҲАҚ БОД ҚАРИНИ ҶОНАШОН
ШОД БОД АРВОҲИ ДӮСТДОРОНАШОН. (МУРИДИ ҲАЗРАТ)

САРСУХАН:

Аввалан банда, ки илми кофӣ ва тарбияи вофӣ надоранд шоиста буд, ки даст бар ранг ва сиёҳ кардани коғази сафед намезадам. Локин тақдири азали сабқат гирифта, ки аз сабаби тафриқот ва ихтилофоти имрӯзаи ҷавонон ба хусус наздикони худ, ки дар бархе аз масоили мазҳаби ҳанӣфи Ҳанафӣ ( р ҳ ) ва суннату анъанаҳои поки аҷдодӣ, таҷдиди назар ва тардиди ақида пайдо карда анд, бо истиъонити Худованд ( ҷ ҷ ) ва бо нийяти нек ва дарёфти ризои Худованди Пок ( ҷ ҷ ) бо вуҷуди норасоӣ, ноъилоҷ тасмим гирифта ва лозим донистем, то тавассути ин коғази бе забон, барои рафъи тардид ва назарияи бемаънои ҷадиди эшон, арзи баён кунем. Чун нийят ва мақсади асосии банда хайрхоҳи ва ислоҳи азизон аст, ки дини Ислим низ ҳамин аст ва ҳаминро тақозо мекунад
( АДДЙНУ НАСЙҲАТУН ) ва ҳеҷ амале, ҳам бе ният, аҷр ва подош дода намешавад, ( ИННАМО-АЛАЪМОЛУ БИННИЁТИ ) ин аҳодиси шарифро пеши назар оварда, имтисолан; ли-амриҳи ва ли-қавлиҳи ва истихоратан ва ризоан; Лиллоҳи, ба ҷамъоварии масоилу ривоёт, суханони пурмазмуни бузургону ҳикоёт, мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннати вал ҷамоъат, алал хусус маноқиби Имоми Аъзам Абӯҳанӣфаи Нуъмон ( р ҳ ) шуруъ намоем. Ва дар охир бо хоҳиши бародарон, аз *Девони Ҳофизу Гулистони Саъдӣ* ва дигар кутуби муътабара, ғазалҳои мунтахаб, рубоъиёт, маснавӣ ва қитъаҳо гирифта, ( мисли Хушае аз ҳар гӯшае ) китобро хотима бахшидем. Ва Худованд ( ҷ ҷ ) кунад, ки ин нийяти холис ва амали қалили банда ва мушовиру мусаҳҳиҳаш махдуми Садриддинро, бо ҷазои нек ва савоби ҷазил иваз гадонида, мо ва шумо азизон ва хонандагони гиромиро манфиъат ва ҳидоят бахшад. Ва дар иҷрои тамоми ниёти хайр ва аъмоли некамон тавфиқро собиқ ва қоиди ҳоламон гардонад. Ва бояд донист: Ҳар чизе ва ҳар коре манут ва вобаста ба ният аст, ки Расули Худо
( с ъ ва с ) фармуданд: ИННАМО АЛАЪМОЛУ БИННИЁТИ ВА ИННАМО ЛИ-КУЛЛИМРИИН МО НАВО. ФА-МАН КОНАТ ҲИҶРАТУҲУ ИЛО-АЛЛОҲИ ВА РАСУЛИҲИ ФА-ҲИҶРАТУҲУ ИЛО-АЛЛОҲИ ВА РАСУЛИҲИ. ВА МАН КОНАТ ҲИҶРАТУҲУ ИЛО ДУНЁ ЮСИБУҲО. АВ ИМРААТАН ЯТАЗАВВАҶУҲО. ФА-ҲИҶРАТУҲУ ИЛО МО ҲОҶАРА ИЛАЙҲИ. Яъне: Ҷуз аз ин нест, ки аъмол манут ва вобаста ба ниёт аст. Ва ҷуз аз ин нест, ки барои ҳар мард
( ё инсон ) он чизест, ки ният карда аст. ( Агар ният ва амалаш, хайр ва ризои Худованд ( ҷ ҷ ) бошад, пас ҷазояш савоб аст. Ва агар ният ва амалаш ғайри ин ва риё бошад, пас сазояш иқоб хоҳад шуд.) Пас касе, ки ( ният ) -ҳиҷраташ ба сӯӣ Худо ( ҷ ҷ ) ва Расули Худо ( с ъ ва с ) бошад, пас ҳиҷраташ ба сӯӣ Худо ( ҷ ҷ ) ва Расули Худо ( с ъ ва с ) аст. Ва касе, ки
(ният ) -ҳиҷраташ барои дунёст, пас мерасад ва меёбад онро. Ё касе, ки
( ният ) -ҳиҷраташ барои зане ҳаст, пас никоҳ мекунад ва ба зани мегирад онро. ( Ва гуянд, ки зан низ аз дунё ва матоъи дунёст. Ва зикр карданаш инҷо вобаста ба қиссаи ҳоли мардест, ки дар талаби Умми Қайс ба хотири издивоҷ ҳиҷрат карда буд. ) ҚОЛА: ИЗО ДАХАЛАР РИЁ”У ФИЛ ЪАМАЛИ ЛО ЯБҚО АҶРУҲУ. Яъне: Чун риё дар амал даромад, аҷр ва савоб аз он боқи намемонад.

ҲАР, КИ ЪАМАЛ БАҲРИ РИЁ МЕКУНАД... ДАР ДУ ҶАҲОН РӮ-ША СИЁҲ МЕКУНАД
***
ЧУН НАБОШАД ПОК АЪМОЛ АЗ РИЁ... ҲАСТ БЕ-ҲОСИЛ ЧУ НАҚШИ БУРИЁ.

Қола Ан-Набийю ( с ъ ва с ) МАН ЛАМ ЯШКУРИННОСА ЛАМ ЯШКУРИЛЛОҲА
Яъне: Шахсе, ки ба қадри хидмати мардум намерасад. Ба қадри ниъмати Худованд ( ҷ ҷ ) нарасида аст.

Мавриди тазаккур ва ёд овари аст: Ин китоб ё маҷмуъае, ки шумо азизон дар даст доред, пеш аз ҳама ва беш аз ҳама, бо истиъонати Худованд ( ҷ ҷ ) ва дуъои бузургону азизон, маслиҳати бародарони муслиҳ, Аброридини Аъзам, ноҳияи Ғарм Минҳоҷидини Ҳомидҷон, ноҳияи Тоҷикобод, Муртазои Фозил, ноҳияи Ғарм, ҳуруфчини компютери Мирзобобои Амин ноҳияи Панҷакент ва таҳти сарпарасти ва маблағгузории Азизбеки Худойдод ноҳияи Вахш, о Мулоаҳмади Ёқуб шаҳри Душанбе ва Муҳаммадсалими Ҳоҷи Бурхон ноҳияи Тоҷикобод, сурат гирифта аст. Худованд ( ҷ ҷ ) хидмати шоистаи эшонро забт ва дар номаи аъмолашон сабт гардонида, дар тамоми корҳои некашон тавфиқро рафиқ ва саъодатмандии дунё ва охиратро насиб ва рӯзияшон гардонад. Омин ё Раббал Оламӣн. Бираҳматика ё Арҳамар роҳимӣн.

ҲАР, КИ ХОНАД ДУЪО ТАМАЪ ДОРЕМ
ЗОН, КИ МО БАНДАИ ГУНАҲГОРЕМ.

Всех правоверных с праздниками

ну и традиционно,
Миру - Мир!

БИСМИЛЛОҲИР РАҲМОНИР РАҲӢМ.
АЛҲАМДУ ЛИЛЛОҲИЛЛАЗӢ ҲАДОНО ЛИҲОЗО ВА МО КУННО ЛИ НАҲТАДИЯ ЛАВ ЛО АН ҲАДОНАЛЛОҲ.
ВАССАЛОТУ ВАССАЛОМУ ЪАЛО НАБИЙЙИҲИ МУҲАММАДИН РАСУЛИЛЛОҲИ ВА ҲАБИБИЛЛОҲ.
ВА ЪАЛО ОЛИҲИ ВА АСҲОБИҲИЛ МУАДДАБИНА БИ ОДОБИЛЛОҲ.
ВА АШҲАДУ АН ЛО ИЛОҲА ИЛЛАЛЛОҲ. ВА АШҲАДУ АННА МУҲАММАДАН ЪАБДУҲУ ВА РАСУЛУЛЛОҲ.


Аммо баъд: Ба дурустие, ки банда соли 1966 дар водии Вахш ва ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба дунё омада, аз овони кудаки ва хурдсоли меҳр ва муҳаббати имон ва ислом ва хонданро сахт дар дил доштам. Биноан: Падари бузургворам дар оғоз маро ба назди модаркалонам ( марҳум Ҳуринисо, ки Худованд ( ҷ ҷ ) эшонро раҳмату мағфират кунад ва дар воқиъ ҳӯри тамоми занҳояшон гадонад) бурда барои хондан ва аз худ кардани ҳуруфот ва калимоти исломи доданд. Чун банда дар назди модаркалонам, ҳуруфот ва хондани *Ҳафтияки шариф*-ро аз худ кардам. Баъдан: Ба назди Бобои Мулло Тошканди раҳматуллоҳи алайҳи барои идомаи таҳсил қадами аввалин гузошта, дар ҳузури эшон ва ҳамсарашон, то соли 1980 ба хондани китобҳои форсӣ ва чанд порае аз *Каломи Аллоҳ* машғул будам. Чун эшонро дард ва бемории доманадор домангир шуд, бо дуову хоста ва ҳидояти худи эшон ба ҳузури Ҳазрати марҳум устоди бузургворам домулло Искандар раҳматуллоҳи алайҳи рафта ва то хатми мактаби миёна ду сол таҳсилро давом додам. Баъд аз хатми мактаби миёна дар соли 1982 ҳазрати устоди бузургворам домулло Искандар раҳматуллоҳи алайҳи маслиҳат доданд, ки бояд идомаи таҳсилро дар ҳузӯри яке аз беҳтарин рафиқон ва донишмандони зоҳиду ботақвояш, ҳазрати Махдуми Бурҳонидин ҳафизаҳуллоҳу ва раҳматуллоҳ, рафта адо кунам. Сипас худи эшон раҳматуллоҳи алайҳи бо ҳамроҳии падари бузургворам, бандаро ба онҷо бурданд. Чун ба онҷо рафтем ва аз симои мубораку боҳаё ва аз суханони нарму пастгӯйи ва аз шогирдони олиқадри эшон.
( Аз ҷумла Эшони Абдулвоҷид эшони Абдулбасир махдуми Абӯнаср махдуми Абдулхайр мулло Муҳаммадшарифу мулло Аббос шайхи Иброҳиму шайхи Муҳаммадмурод ва дигарон ҳафизаҳумуллоҳу ва раҳимаҳумуллоҳ дидам ва шунидам, ба худ гуфтам, дар воқиъ чи ҷои муборак ва ҷои таҳсил аст, ба ҳамин хотир самимона дар таҳсил шурӯъ кардам. Баъдан: дар соли 1985 аз сабаби ноором шудани вазъ бо маслиҳати Устоди бузургворам махдуми Бурҳонидин ҳафизаҳуллоҳу ва раҳматуллоҳ ба ноҳияи Тоҷикобод рафта, дар ҳузури Устодони бузургворам Акаи мулло Абдураҳим ва акаи мулло Тошмуҳаммад ҳафизаҳумаллоҳу ва раҳимаҳумаллоҳ идомаи таҳсил намудам. Ва соли 1986 то 1988 хидмати ҳарбиро дар шаҳри Қазон адо намуда, боз ба ҳузури устоди бузургворам Махдуми Бурҳонидин ҳафизаҳуллоҳу ва раҳматуллоҳ баргашта, то соли 1991 ва нооромии марказ дар онҷо мондам. Боз ҳам бо маслиҳат ва роҳхати худи эшон ба ҳузури устоди кулли устодонам ҳазрати домулло Додарҷон алайҳир раҳмаҳ омада машғули таҳсил шудам. Ва боз дар соли 1998 чанде дар ҳузури беҳтарини олимони давр ва ҷавон домулло Маъруфи Элокӣ ҳафизаҳуллоҳу ва раҳматуллоҳ таҳсили илм кардам. Албатта иншоаллоҳ дар хусусиятҳои хоссе, ки дар эшон буд ва ҳаст ба истиъонати Худованди пок рисолаи ёдгорие барои фарзандон ва азизон навиштани ҳастем, ки рӯзҳои наздик ба тасвиб хоҳад расид.
Ногуфта намонад, ки банда хело ноқисам ва умеди дуои пирону устодон ва ҳаммаи шумо азизонро дорам. Ва иншоаллоҳ умед дорам, ки боз таҳсилро дар ҳузури устодон ва бузургон идома медиҳам. Ва чи тавре, ки ҳазрати Мирзо Бедил раҳматуллоҳи алайҳи фармудаанд:

НОҚИСОНРО БЕДИЛ ОСОН НЕСТ ТАЪЛИМИ КАМОЛ
ТО ДАМАД ЯК ДОНА ЧАНДИН ОБИ РӮ РЕЗАД САҲОБ.

Дар воқиъ нуқсон ва норасои зиёд аст, локин инро ҳам тавассути та”сири тарбияи пирону устодон ва бузургон, мисли ҳазрати эшони Абдураҳмонҷон, ҳазрати мавлавӣ Ҳиндӯстонӣ, домулло Ҳикматуллоҳ, махдуми Бурҳонидин, махдуми Муҳаммадикром ва дигарон раҳматуллоҳи алайҳим, то андозае ҳосил кардем. Боз бо вучуди нуқсон ҳар он чи ҳосил кардем дар он та”сири хидмати мукарриронам Акаи мулло Муҳаммад, Акаи мулло Исо, мулло Шумқор, мулло Башир, Эшони Абдулвоҷид ва Абдулбасир, мулло Муҳаммадшарифу мулло Аббос, мулло Муҳаммаднаъиму мулло Абдулазиз, махдуми Садридин устод ва писари устодам домулло Искандар ва дигарон раҳматуллоҳи алайҳим хело зиёданд. Инчунин мавриди ёдовари аст, ки устодон ва муъаллимони мактаби миёна ва ҳамагониам, ба монанди марҳум ва муҳтарам Гурез Ҳасанов, Холмурод Одинаев, Эсан Боймирзоев ва дигарон низ дар тарбияи банда саҳми нек ва фаромушнашавандаи худро гузоштаанд. Ва банда аз ҳаммаи эшон изҳори ризоманди намуда, бо чеҳраи хошиъ ва рӯйи илҳоҳу зорӣ аз эшон мепурсам. Ҳар нуқсону норасои ва беодобие, ки аз ҷониби банда дар ҳаққи эшон ё дар ҳузури эшон, сар зада бошад, бо камоли бузургияшон афв намуда дар ҳаққи шогирд ва парвардаи нолоиқашон дуои хайр кунанд. Зеро мехоҳам аз зумраи он гурӯҳе, ки ҳазрати шайх Саъдиӣ Шерозӣ Раҳматуллоҳи алайҳи фармуда анд, берун бошам.

САЪДИЁ ШЕРОЗИЁ ТАЪЛИМ МАДЕҲ БЕЗОДРО
БЕЗОД АГАР ОЛИМ ШАВАД САНГЕ ЗАНАД УСТОДРО

***
ПАРТАВИ НЕКОН НАГИРАД ОН, КИ БУНЁДАШ БАД АСТ
ТАРБИЯТ НОАҲЛРО ЧУН ГИРДУГОН ДАР ГУНБАД АСТ.

Ва худованд ( ҷ ҷ ) кунад, ки дуои мо шогирдони ношоисташонро дар ҳаққи эшон қабул фармояд. Омин ё Раббал оламӣн. Бираҳматика ё Арҳамар роҳамӣн.

Также готовится выпуск на фарси, афгани и арабском
* фейсам не беспокоиться...

Дружба народов., Читать и думать!, Моя Родина - СССР, Нет ничего невозможного!, Вместе мы - Сила!

Previous post Next post
Up